ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Масъулини Прокуратураи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуоти таъкид доштааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар вилоят 77 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор ҳолат кам аст, иттилоъ додааст сомонаи ҳафтаномаи “Фараж”.
Тибқи иттилои прокуратураи вилояти Хатлон аз 77 ҳолати ба қайд гирифташуда 61 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз он 26 нафар зан, 35 нафари дигар мард буда, 17 нафарашонро нобилиғон ташкил медиҳанд.
“Омилҳои даст ба худкушӣ заданро ҷангу ҷанҷоли оилавӣ, бемории руҳӣ, носозӣ бо якдигар ва дар ҳолати сархушӣ муқаррар шудаанд. Бештари ҳодисаҳои худкушӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Левакант, Ёвон ва Дустӣ ба қайд гирифта шудааст”, - зикр карда шуд дар нишасти матбуотӣ.
Инчунин манбаъ таъкид доштааст, ки дар ин давра дар робита ба ҷиноятҳои куштор ва сӯиқасд ба он 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти 6 парвандаи ҷиноӣ ба итмом расонида шудааст. Шаш ҷинояти таҷовуз ба номус дар шаш моҳи соли равон ба қайд гирифта шуда, онҳо пурра ошкор шудаанд.
Ҳамчунин Прокуратураи вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар умум 3 ҳазору 488 ҷиноят ба қайд гирифтааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 330 ҳолат зиёд аст.
Гуфта шудааст, ки ҷиноятҳои содиршуда 863 ҳолат дуздӣ, 119 авбошӣ, 71 муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар, 12 расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 38 расонидани зарари миёна ба саломатӣ, 116 садамаи нақлиётӣ мебошанд. Ошкоршавии ҷиноятҳо дар сатҳи вилоят 84,27 дарсадро ташкил медиҳад.