ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ҳукумати Турманистон то ҳол расман зуҳури коронавируси навъи COVID - 19 - ро дар ҳудуди кишвар эълон накардааст.
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори нахуст бо ниқоб дар оинаи нилгун зоҳир шуд. Телевизиони давлатии ин кишвар сардори давлатро дар танҳоӣ ҳангоми моҳидорӣ намоиш дод, ки ниқоб ва дастпӯш пӯшида буд.
Коронавирус нест, аммо: дар Туркманистон пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ шуд
Дар шабакаи Youtube низ наворе аз шикори бобарори президент нашр шудааст.
"Телевизион шарҳ дод, ки президент ба хотири пешгирӣ аз “чанге, ки олудаи вирус шудааст” ниқоб пӯшид. Баъди анҷоми моҳидорӣ раиси ҷумҳур ба хонаи кӯдакон рафт ва моҳиҳои шикоркардаи худро ба онҳо супурд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи ҷорӣ дар Туркманистон низ пӯшидани ниқоб ва риояи фосила қонунӣ шуд ва дари тарабхонаву каҳвахонаҳо ва бозорҳо баста шуданд.
Телевизиони давлатӣ саҳнаҳоеро аз поккорӣ бо доруҳои кимиёвӣ аз ҳавопаймо намоиш дод.
Турманистон ва Кореяи Ҷанубӣ ду кишваре мебошанд, ки тадбирҳои зидди коронавирус меандешанд, вале иттило медиҳанд, ки дар кишварашон ягон нафар ба ин беморӣ сироят нашудааст.