Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Афзоиши фавт аз COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори тозаи Вазорати тандурустӣ

© Sputnik / Брайан Смит / Гузариш ба медиабонкГробы умерших от коронавируса, архивное фото
Гробы умерших от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омори нави сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 48 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 сабт шуд, як тани дигар аз ин маризӣ ҷон бохт.

Тибқи иттилои ин ниҳод давоми феълан 173  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, давоми 24 соати гузашта, 46 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

"Дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 48 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 6834 нафар баробар гардид. Ҳамзамон, то санаи  18 июл  дар мамлакат 5529  (80,9%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 57 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат даъват карда, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Лентаи хабарҳо
0