ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд ин нуктаро зимни нишасти матбуотия дар ҳузури хабарнигорон баён кард.
Номбурда дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, дар ҳоли риоя нашудани талаботҳои пешгирикунанда аз паҳни бемории COVID-19 аз ҷумла набудани василаҳои нигоҳдорандаи масофа, таъмизкорӣ бо маҳлули хлор ва асбобҳои табченкунанда, фаъолияти бозорҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии умум аз сӯи комиссияи салоҳиятдор боз дошта мешавад.
“Гурӯҳи корӣ рейдҳо гузаронида дирӯз аз сабаби риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ чанд марказҳои савдоро бастанд. Бинед, агар бозорҳо ҳам чунин қоидаҳоро риоя накарда бошанд дарҳояшонро бубандед. Мо роҳбарони онҳоро якчанд маротиба даъват намуда оиди ин масъалаҳо огоҳ карда будем”, гуфт Муҳаммадзода.
Раиси шаҳри Хуҷанд афзуд, баъд аз ду моҳи таътили давраи вируси корона, фаъолияти бозорҳо, мағозаҳо ва марказҳои хуроки умум танҳо ба шарти риояи тавсияҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шудааст.
Баъди қариб ду моҳи давраи қарантинӣ, ахиран рӯзҳои аввали моҳи июн бозорҳои Хуҷанд, аз ҷумла “Панҷшанбе”, дарҳои худро боз намуд.
Савдогарони ин бозор, ки ба далели хуруҷи бемории корона муваққатан патентҳои худро боз дошта буданд, баъди ҳудуди ду моҳ сари кори худ баргаштанд.
Анҷоми таътили “вируси корона”: тоҷирони бозори “Панҷшанбе” сари кор баргаштаанд
Муҳаммадзода гуфт, ҳоло дар назди Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 як гурӯҳи вижа таъсис ёфтааст, ки ба назорати ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла бозорҳо барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ машғуланд ҳастанд.
“Дар акси чунин ҳол, фаъолияти бозорҳо дубора боз дошта хоҳад шуд”, зикр намуд, раиси шаҳри Хуҷанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ шаҳрдори Хуҷанд аз сокинон талаб кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар шаҳр риоя кунанд ва бидуни ниқоб нагардад, ки дар ғайри сурат ба шиддат гирифтани беморӣ сабаб мешаванд.