ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, аз 15 июл то 15 августи соли 2020 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимотҳои мактабӣ, бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ баргузор шавад.
Дар қарор таъкид шудааст, ки назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию зиддиэпидемиявӣ ва гигиенӣ, бо ташкил намудани долонҳои безараргардонӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷи масофавӣ таъмин гардад.
Ноибони раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони навоҳии пойтахт муваззаф шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ, иштироки фаъолонаи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаи мазкур таъмин намоянд.
Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳр, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” дастур гирифтаанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ, риояи хизматрасонии ёрии таъҷилӣ, қоидаҳои зиддисӯхторӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва таъмини доимии барқро дар доираи салоҳияти худ таъмин намоянд.
Баргузории ярмаркаҳо дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имсол аз 17 август соли таҳсили 2020-2021 шурӯъ мешавад.