Вазири тоҷик: дар ИДМ бештар аз ҳама дар Тоҷикистон забони русӣ эҳтиром мешавад

Обуна шудан
Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) Тоҷикистон танҳо кишварест, ки мусоидтарин фазоро барои нигаҳдошт ва омӯзиши забони русӣ фароҳам кардааст

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Муҳаммадюсуф Имомзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш бо ширкати 57 рӯзноманигори дохиливу хориҷӣ суҳбат мекард, гуфт, дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа ба забони русӣ карда мешавад ва тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои рушди забони русӣ вуҷуд дорад.

"Ман танҳо хабар дорам, ки дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон як мактаби русӣ вуҷуд дорад, ки аз сӯи "Газпром" сохта шуда буд ва дар он ҷо таълим бо забони русӣ ва меъёрҳои Русия сурат мегирад. Агар дар назди сафоратҳои Русия дар дигар кишварҳо набошад, аз ягон мактаби дигар иттилоъ надорам. Пойгоҳи таҳсилотие, ки Русия дар Тоҷикистон дорад, як падидаи мунҳасир ба фард, асл ва навоварӣ аст", - гуфт вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Дар идомаи суҳбаташ вазири тоҷик ба вазъи макотиби русӣ дар Тоҷикистон пардохта гуфт, айни замон дар Тоҷикистон даҳҳо мактаби русӣ ё омехта бо русӣ фаъолият доранд. Вай афзуд, ин мактабҳоро метавон дар се қисмат раддабандӣ кард.

Тотальный диктант в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

"Якум, мактабҳое, ки сирф русиягӣ ҳастанд. Дар онҳо таълим аз рӯи меъёрҳои таълимии Русия ҷараён дорад. Ин гуна мактабҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Норак ва Кӯлоб фаъолият доранд. Дуюм, мактабҳои сирф миллии тоҷикӣ, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст. Сеюм, мактабҳое, ки омехта ҳастанд, тоҷикӣ – русӣ, тоҷикӣ – русӣ – ӯзбекӣ, русӣ - инглисӣ ва ҳатто точикӣ – русӣ – инглисӣ", - гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Аз забони қирғизӣ то суруду мусиқӣ: камбуди садҳо омӯзгор дар мактабҳои Тоҷикистон - омор

Тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ин мактабҳо 207 486 хонанда, дар як тоҷикӣ-русӣ – 186 334, тоҷикӣ – русӣ – ӯзбекӣ – 14 811, тоҷикӣ – русӣ – инглисӣ – 6 122 ва русӣ - инглисӣ – 219 таҳсил мекунанд.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, заминаи асосии рушди мактабҳои русӣ дар кишвар қабл аз ҳама худи мардум мебошанд, ки мехоҳанд фарзандони онҳо дар ин макотиб таҳсил кунанд.

"Ҳамон 49 нафар омӯзгоре, ки аз Русия барои тадрис ба Тоҷикистон омаданд, бо хоҳишу талаботи мардум ҷалб шуданд. Онҳо ҳоло дар таътиланд ва бо беҳ шудани вазъи эпидемиологӣ боз ба Тоҷикистон хоҳанд баргашт", - гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Аз 30 августи соли 2019 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон санаде таҳти унвони "Барномаи давлатии беҳбуди таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ба тасвиб расида буд, ки ба иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, марҳалаи дуввуми он дар ҳоли анҷом буда, марҳалаи сеюмаш тарҳрезӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0