ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Ба иттилои Нуралиев, бо мақсади дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 миллион доллар маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки аз ҷумла тавассути Хазинаи Байналмилалии Асъор – 189,5 миллион доллари ИМА, Бонки Ҷаҳонӣ – 11,3 миллион доллар, Бонки рушди Осиё - 50 миллион доллар ва Бонки рушди АвруОосиё – 50 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ ҷалб карда шуд.
"Дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки рушди Осиё дар ҳаҷми 52,5 миллион доллари ИМА ва аз Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 миллион доллари ИМА дар назар аст, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар ва низоми бонкӣ муҳим мебошад"-хабар дод котиботи Бонки миллии Тоҷикистон аз қавли Ҷамолиддин Нуралиев.
Манбаъ илова намуд, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дар ин давра аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор қарзи БМТ ба маблағи 11 миллион доллари ИМА дар соли 2020 аз эътибор соқит карда шуд.
Ҷамолиддин Нуралиев таъкид кардааст, ки пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ тавассути фишангҳои муосир алҳол самараи худро дода истодааст, ки нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Ӯ мисол овардааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 32,4 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил намуд.