ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии vRINGe, шаби гузашта дар ИМА боксчии тоҷик Алим Ҷумъахонов ва варзикори амрикоӣ Мартино Ҷулс рақобат доир карданд.
Муҳорибаи варзишгарон бидуни тамошобинон доир гашта, доварон низ бо ниқобҳои муҳофизатӣ буданд.
Рақобат бошиддат доир гашта, варзишкори амрикоӣ ҳарҷанд талош мекард муштзани тоҷикро дар масофа нигоҳ дорад, аммо ҳар замон бо шикасти масофа Ҷумъахонов ба ҳарифаш зарбаҳои сах мезад.
Муштзани касбии тоҷик дар ду даври охир маҳорати камтар нишон дод, ки ба ҳукми ниҳоии доварон таъсир кард.
Дар натиҷа, доварон ғалабаро ба варзишкори амрикоӣ бо ҳисоби каме фарқкунанда 76-76, 78-74 ва 78-74 доданд