Пизишкони ин дармонгоҳ муддати 28 рӯз муқовимати организми гурӯҳи якуми ихтиёриён нисбати ваксине, ки дар онҳо озмоиш мешуд, мушоҳида намуданд ва ба хулоса омаданд, ки дору ба онҳо зиёне нарасондааст.
Қабл аз мураххас намудан, ҳамаи ихтиёриён санҷиши хун супурданд ва маълум шуд, ки организми онҳо дар қиболи вируси COVID -19 масуният ва антитела пайдо кардааст.
Бо вуҷуди ин коршиносон мегӯянд, алъон эълон кардани пирӯзӣ бар ин вирус бисёр барвақт аст, зеро ин дору ҳоло самаранокии худро нишон дода истодааст.
Дар марҳилаҳои навбатии санҷиш, табибон давомнокии масунияти одамонро месанҷанд, ки алайҳи ин маризӣ эм шуда буданд. Гузашта аз ин масъалаи ба истеҳсол баровардани ваксинаи алайҳи коронавирус низ баррасӣ мешавад.
Таъкид мегардад, ки истеҳсоли оммавии ваксин танҳо чанд моҳ пас аз тасдиқи Вазорати тандурустӣ имконпазир мегардад.