Табларзаи серӯза – “Ковид – 19 – и говҳо” дар Ҳисор – шарҳи мақомот

Обуна шудан
Сардори раёсати байторию зотпарварии Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон таъкид доштааст, ки пандемияи Ковид-19 миёни инсон ва ҳайвон тафовути зиёд дорад

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Андамов Исмоил, сардори раёсати байторию зотпарварии Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид дошт, ки вазъи пандемияи бемории сироятии Ковид-19 миёни инсонҳо ва чорвои хонагӣ тафовути калон дорад.

Вай афзуд, ки дар ҳақиқат бемориҳои сироятӣ миёни ҳайвонот вуҷуд дорад. Имсол ба сабаби зуд тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ба вазъи саломатии чорвои хонагӣ таъсири манфӣ расонида шуд.

“Имсол мо дар ҳақиқат дар як вазъи ногуворе қарор дорем. Мо чанде пеш табларзаи серӯза ва бемориҳо бо аломатҳои гуногунро миёни говҳо мушоҳида кардем. Ҳамаи намуди вабоҳо, ки дар як шаб мегузаранд ба қайд гирифтем”, - қайд кард Андамов Исмоил.

Вай гуфт, ахиран дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаҳои номатлуби аз меъёр зиёди мурдани чорво мушоҳида шуда буд.

Тест-системы для диагностики нового коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Се намунаи ваксинаи Русия бар зидди Ковид-19 самараи худро нишон доданд

“Дар ҷамоатҳои деҳоти Навобод ва Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор дар ҳақиқат ба сабаби диқат надодан ба парвариши чорво то 15 майи соли равон ҳодисаҳои мурдани чорво дар як деҳа 5 адад ва дар як деҳаи дигар 39 адад мушоҳида гардид. Мақомот баъд аз хабар ёфтан зуд ин масъаларо таҳти назорат гирифт ва ҳоло вазъ дар ин минтақа мӯътадил аст”, - қайд кард сардори раесати байторию зотпарварии Кумитаи амнияти озукавории Тоҷикистон.

Вай илова кард, ки ҳамчунин баъд аз дарёфти ин хабар дар Институти биология вобаста ба ҳамин ҳолат Комиссия махсус ташкил шуда буд.

Мутахассисон ба ин масъала машғул шуданд ва сари вақт аз ин ҳодиса пешгирӣ карданд.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки ваксинаҳое, ки барои чорво истифода мешавад дар рӯзҳои борониву сардии ҳаво, таъсирашро гум мекунад.

Вай гуфт, ба сабаби боду ҳаво дар ваксинатсия чорво як каме мушкилот доштем, аммо новабаста аз ин тамоми нақшаву чорабиниҳоро сари вақт анҷом додем.

Лентаи хабарҳо
0