https://sputnik.tj/20200716/Tajikistan-ba-sababi-coronavirus-natavonist-karzu-grant-girad-1031583720.html
Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад
Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъкид дошт, ки бино бар паҳншавии вируси корона ҷумҳури барои иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод... 16.07.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-07-16T17:45+0500
2020-07-16T17:45+0500
2021-08-10T16:56+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102260/87/1022608793_19:0:3372:1895_1920x0_80_0_0_4783466913ed415cf0f686f7cf7f8c71.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102260/87/1022608793_355:0:3372:1895_1920x0_80_0_0_3839a80f75660c3a2634823171ba0ef5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, палатаи ҳисоб
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, палатаи ҳисоб
Тоҷикистон ба сабаби коронавирус натавонист 363 миллион сомонӣ қарзу грант гирад
17:45 16.07.2020 (Навсозишуда: 16:56 10.08.2021) Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон таъкид дошт, ки бино бар паҳншавии вируси корона ҷумҳури барои иҷрои лоиҳаҳо дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 миллион қарз ва 54 миллион сомонӣ грантӣ гирифта натавонист
ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ба сабаби пандемияи COVID-19 сармоягузорони байнулмилалӣ ҳаҷми пешниҳоди қарзу грантҳоро барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон кам хоҳанд кард.
Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд
Вай дар ин робита изҳор кард, ки бинобар пайдошавии пандемия барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сохтмони роҳ, энергетика, иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва аграрӣ Тоҷикистон 309 млн қарз ва 54 млн сомонӣ грант гирифта натавонист.
Кӣ ҳақ: Кумитаи амнияти озуқаворӣ ё Палатаи ҳисоб?
Инчунин Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки баста шудани сарҳадҳо байни кишварҳо, саривақт ба нуқтаи таъинот нарасидани бору маҳсулот, ҷумҳуриро тарк кардани мутахассисони хориҷӣ мушкилоти иловагиро дар масъалаи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ба бор оварданд.