Борон меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка с зонтиком
Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман номусоид мешавад. Дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон эҳтимолан борон меборад

ДУШАНЕБ, 16 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонсиҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.

Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хатарнок: КҲФ ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳатро нишонгузорӣ мекунад

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 36+41  дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 23+33 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19-21  ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0