Муҳаммадзода гуфт бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад

© © SputnikМаруф Мухаммадзода
Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ, манбаъи бӯи ғализе, ки маҳаллаҳои шаҳрро олуда мекунад, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Бино ба гуфти Муҳаммадзода, бӯи тафи баде, ки маҳаллаҳои шаҳри Хуҷандро олуда месозад, аз ҳисоби поруи мурғхонаҳое будааст, ки дар наздикии сарҳади миёни Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соҳили рости рӯди Сир мавҷуд будаанд.

"Паҳни бӯи бад дар шаҳр мо ҳама маъмурони шаҳрро нигарон кардааст. Мо оиди ин масъала 10-12 рӯз ба ин тараф машғул ҳастем. Гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони санитарию эпидемологии шаҳр, Раёсати экология вилоят маълум намуданд, ки дар мавзеъҳои доманакӯҳи шаҳр, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби баъзе ашхос фермаҳои мурғпарварӣ ташкил карда шуда ва порӯи чунин фермаҳо дар фазои кушод нигоҳ дошта мешудааст, ки ба ҳангоми вазидани шамол ба микроноҳияҳои шаҳр паҳн мегардад", - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Чанде қабл Sputnik Тоҷикистон дар як матлаб дар бораи олудашавии Хуҷанд аз бӯи бад иттилоъ дода буд, ки дар он сокинони шаҳр иброз мекарданд, ки аз ҳисоби паҳни бӯи ғализ дар гармои тоқатфарсои тобистон наметавонанд дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд.

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? поруи мурғхонаҳо, партов ё...

Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд таъкид намудаанд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ микроноҳияҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18, 19 ва 20 - уми Хуҷандро олуда мекунад.

Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ба унвонии Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон, сардори Раёсати ҳифзи муҳисти зисти вилояти Суғд мактуб ирсол намудаанд, то масъалаи бартараф шудани бӯи ғализ аз фаъолияти мурғхонаҳоро бозбинӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0