Изҳороти расмӣ: Тоҷикистон аз Озорбойҷон ва Арманистон даъват ба оташбас кард

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо як изҳороти расмӣ аз вазъ дар марзи Озарбойҷон ва Арманистон изҳори нигаронӣ намуда, аз онҳо даъват кардааст, ки роҳи оташбасро пеш гиранд

ДУШАНБЕ, 16 июл  — Sputnik. Тоҷикистон дар робита ба ташаннуҷи вазъ дар сарҳади Озарбойҷон ва Арманистон изҳори нигаронии шадид менамояд, менависад дар изҳороти расмиаш Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва ҳодисаи мусаллаҳона дар сарҳади Озарбойҷон ва Арманистон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани одамон гардид, изҳори нигаронии шадид менамояд", - омадааст он.
Пограничный пункт пропуска - Sputnik Тоҷикистон
Ноамнӣ дар марзи Арманистону Озарбойҷон: фавти генерал ва 11 низомии озар

ВКХ ҷонибҳоро даъват кардааст, ки бо мақсади пешгирии ташаннуҷи минбаъдаи вазъияти мураккаб таҳаммулпазирии ҳадди ниҳоиро зоҳир карда, роҳи оташбасро пеш гиранд.

"Умедворем, ки Озарбойҷон ва Арманистон, ки Тоҷикистон бо онҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона доранд, ба истифодаи роҳҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли масъалаҳои падидомада ҳарчи зудтар бармегарданд", — омадааст дар изҳороти ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин ВКХ ҶТ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори таслияти амиқ намуд.

Ёдрас мешавем, муноқиша дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон, рӯзи 12 июл оғоз ёфт ва акнун се рӯз мешавад, ки ноамниҳо дар  ноҳияҳои ҳамсояи Товуз ва Тавуш, ки бо Гурҷистон ҳамсарҳад ҳастанд, идома дорад.

Гуфта мешавад, дар макони тирандозӣ дар наздикии деҳаи Мовсес постгоҳҳои низомӣ ҷойгир шудаанд.

Арманистону Озарбойҷон дар тирандозӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Дар робита ба вазъи мавҷуда, созмонҳои байналмилалӣ ва якчанд кишварҳо изҳори нигаронӣ намуда, ҳар ду ҷонибро ба муколама даъват мекунанд.

Русия низ ба ҳар ду ҷониб барои расидан ба сулҳ пешниҳоди кумак намудааст.

Лентаи хабарҳо
0