ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев кори ҳокимони Тошканд ва вилояти Тошкандро дар робита бо паҳншавии коронавирус интиқод кард, хабар медиҳанд расонаҳои кишвар.
Ба гуфтаи Мирзиёев, шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва раиси вилояти Тошканд Рустам Холматов назорати вазъи эпидемиологӣ дар Тошкандро суст кардаанд. Роҳбари ин кишвар, вазъ дар минтақаи мазкурро нигаронкунанда гуфт.
"Дар Тошканд ва вилояти Тошканд вазъ контрол намешавад, он ба талаботҳо ҷавобгӯ нест ва боиси нигаронии аҳолӣ шудааст", - гуфт вай ва афзуд, ки мубориза бо коронавирус мисли ҷанг дар майдон аст.
"Ҳоло вазъ мисли дар ҷанг аст. Дар ҷанг бояд танҳо дар бораи оромӣ, беҳбудӣ ва саломатии мардум фикр кард. Аз ҳама муҳимаш, роҳбарон аввал инро фаҳмидан намехоҳанд. Бояд гуфт, ки онҳо боре ба муассисаҳои тиббӣ нарафтаанд, бо кормандони беморхонаҳо мулоқоте накардаанд ва аз вазъи воқеӣ аз наздик шинос нашудаанд", - таъкид кард вай.
Ба гуфтаи Мирзиёев, мақомоти Тошканд ва вилояти он худро дар ҳифзи пурраи аҳолӣ аз коронавирус ва табобати онҳо масъул ҳис намекунанд.
Дар робита бо вазъи баамаломада президент супориш дод, ки дар шаҳр ва вилоят штабҳои шабонарӯзӣ ташкил намуда, ба он ҳайатҳои роҳбарияти тамоми вазоратҳо ва муассисаҳои тиббии бузургро шомил кунанд.
"Агар дар Тошканд нафарони содиқ ба сиёсат мебуданд, ин вазъи нанговар ба миён меомад. Дар Тошканд тамоми корҳоро ба роҳ мондан имкон дорад. Ҳокими ҳар як ноҳияи Тошканд метавонист, ҳар як беморро таҳти назораташ гирад, пизишки бемористонро равон кунад ва ё ба дорухонаҳо 2 миллиард сум диҳад", - гуфтааст Мирзиёев.
Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 10 ҳазор наздик шуд
Ӯ дар пайи ин интиқоди тунд ба роҳбарони шаҳр ва вилоят ва вазири тандурустӣ танбеҳ додаву вазъ дар бархеи дигар манотиқи кишварро барои онҳо намунаи ибрат хонд.