27 ширкату корхона аз Палатаи ҳисоб “халос” шуданд – шарҳи мақомот

© Sputnik / Амир ИсаевСчетная палата Таджикистана. Архивное фото.
Счетная палата Таджикистана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Ҳудуди 27 ширкат дар пайи мораторий аз феҳристи санҷишҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хориҷ карда шудаанд

 ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоб, зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, дар пайи судури як фармони Президенти Тоҷикистон ин ширкату корхонаҳо аз нақшаи санҷишҳо хориҷ карда шуданд.

Счетная палата Таджикистана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Кӣ ҳақ: Кумитаи амнияти озуқаворӣ ё Палатаи ҳисоб?
“Инҳо ширкатҳое ҳастанд, ки бо истеҳсолот машғул ҳастанд ва аз нақшаи корхонаву ширкатҳое, ки бояд соли 2020 аз сӯи Палатаи ҳисоб санҷида мешуданд, ҳазф гардиданд”, - гуфт Қарахон Чиллазода.

Бино ба иттилои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, ин корхонаву ширкатҳо, аз ҷумла “Ангишти Исфара”, “Шахтаи Фон Яғноб”, “Зиддӣ”, “Шӯробод”, “Камаробод”, “Назарайлоқ”, КВД “Сементи тоҷик”, КВД “Нури Ховар”, “Чароғ”, “Грант”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада “Апрелевка”, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”, Ширкати куҳии саноатии Тоҷикистону Хитой ва ғайра мебошанд.

15 январи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонд, ки бино ба он, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии кишвар то 1 январи соли 2021 ба хотири дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ мораторий эълон карда шуд.

Палатаи ҳисоб гуфт, барои хунукназарӣ чанд мансабдори давлатиро ҷазо доданд

Дар пайи ин фармон мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук дар ин муддат ҳаққи санҷишро нахоҳанд дошт.

Лентаи хабарҳо
0