Ҷарима ва ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия барои ташкили намоз дар хобгоҳ

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВерующий молится, архивное фото
Верующий молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Тулаи Русия як муҳоҷири тоҷикро барои ташкили намоз дар хобгоҳи муҳоҷирон ба пардохти 30 ҳазор рубл ҷарима муваззаф намуданд. Ҳамчунин ин шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламрави Русия депорт мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Маркази ҳомии ҳуқуқи инсон ба номи "Сова" аз ҷарима шудан ва ихроҷи як муҳоҷири тоҷик ба далели барпо кардани намози ҷамоат дар хобгоҳи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия хабар дод.

Празднование Курбан-байрама в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Маскав ба мусалмонон: дар ҳар ҷо намоз нагузоред

Хабаргузории "Парс тудей" бо такя ба маълумоти маркази ҳомии ҳуқуқи инсони Сова хабар медиҳад, ки мақомоти қудратӣ муддаӣ шудаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар утоқи хеш дар хобгоҳи коргарони муҳоҷири тоҷикстонӣ дар шаҳри Тулаи Русия барои 15 нафар намоз ташкил мекард, дар ҳоле, ки иҷозатномаи расмии идораи муфтиёти ин минтақаро надоштааст.

То 116 сомонӣ ҷарима: ҳушдори мақомот ба намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа

Додгоҳи маҳаллӣ ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми фаъолитҳои ғайримуҷози таблиғотӣ ва ҳамоҳанг накардани хондани намози ҷамоат бо идораи муфтиёти шаҳри Тула ба пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағи 30 ҳазор рубли русӣ ва ихроҷ аз қаламрави Русия маҳкум кардааст.

Ёдовар мешавем, Русия ба мисли дигар кишварҳо дар замони авҷи маризии коронавирус баргузор намудани намози оммаро манъ карда буд.

Анқариб муддати ду моҳ масоҷид дар Русия барои намозгузор баста буд.

Лентаи хабарҳо
0