Ҳушдори обуҳавошиносон: имрӯз ҳаво дар Тоҷикистон то 42 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки ирмӯз ҳаво дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон то 42 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ "Ховар" хабар доданд.

Мужчина утоляет жажду прохладным айраном - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Девушки на улице в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон то 31 июл ҳавои гарм пешгӯӣ карданд

Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. 

Обуҳавошиносон: ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 23 июл то 46 дараҷа гарм мешавад

Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 23+28 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0