ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон - Абдураим Абдуваҳҳобов аз олам даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.
Сабаби даргузашти ҳунарманд то ҳол маълум нест, ӯ ҳамагӣ 57-сол дошт.
Даргузашти Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ
Абдураим Абдуваҳҳобов 8 августи соли 1963 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Ӯ дар филмҳои "Шум бола" - (Садои дард), "Суюнчи", "Мухаббат синовлари", "Назира" ва сериоли "Шайтанат" ва дар дигар намоишномаҳо нақш бозидааст.
Мусибат дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон: модарашро аз даст дод
Ҳамчунин Абдуваҳҳобов дар филми "Жўра овчи" - и "Тоҷикфилм" нақш офаридааст.