Чаро садҳо ронандаи худравҳои боркаш дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мондаанд?

© © Sputnik / Амир ИсаевГрузовик в горах Таджикистана, архивное фото
Грузовик в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи худи ронандагон, санҷиши вируси корона дар бадани онҳо далели дар монданашон дар гузаргоҳи "Ойбек" дар марзи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шудааст. Натиҷи тестҳо то ҳол эълон нашудааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik.  Шуйюи корона садҳо мошини боркашро дар гузаргоҳи марзии Ойбек мутаваққиф кардааст, менависад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳо.

Ин таваққуф ба ин далел аст, ки ронандагон бояд чанд рӯз мунтазири эъломи натиҷаҳои озмоиши корона бошанд, меафзояд манбаъ.
Спецприемник для нелегальных мигрантов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Москалкова: муҳоҷирони депортшудаи тоҷик дар Русия дармонданд

"Ҳар ронанда рӯзона ҳудуди 100 ҳазор сум (ҳудуди 10 доллар)-ро барои таҳияи ғизо ҳазина мекунад ва касоне, ки як ҳафта ё бештар дар инҷо бошанд пас аз иҷозатномаи равуо дигар пуле барои ҳазинаҳои худ надоранд илова бар ин, ба далели ин ки дар ин гузаргоҳи марзӣ ҳеҷ ҷое барои мондани мошинҳои боркаш вуҷуд надорад ронандагон маҷбур ҳастанд дар мошинҳои боркаши худ истироҳат кунанд, ки ба далели гармои зиёд ғайри қобили таҳаммул аст", - тавзеҳ медиҳад хабаргузорӣ.

Ронандагон мегӯянд, се рӯз ҳеҷ хабаре аз пизишкон набуд, фақат дирӯз натиҷаи озмоиши 30 ронандае, ки 5 рӯз қабл аз онҳо озмоиш гирифта шуда буд эълом шуд, ки тести коронаи бархе ронандагон мусбат буд.

Шумораи шаҳрвандони дар марзи Қазоқистон дармондаи Тоҷикистон бештар мешаванд - акс

Онҳо мегӯянд, мо аз ниқобак истифода ва фосилаи худро бо якдигар ҳифз мекунем, аммо бо чунин серодамӣ ҳама дар хатари гирифторӣ ба корона ҳастем.

 

Лентаи хабарҳо
0