ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Қазоқистон имрӯз Мотами миллӣ эълон гардидааст. Дар робита ба ин, раисҷумҳур Қосим - Жомарт Тоқаев бо ҷамъи мансабдору вакилон, пизишкону шаҳрвандони оддӣ, хотири қурбониёни маризии коронавирусро пос доштанд.
Гуфта мешавад, дар сартосари Қазоқистон имрӯз парчамҳо поён фароварда шуда, ҳамчунин баргузории тамоми чорабиниҳои фароғатӣ манъ карда шудааст.
Дар Қазоқистон ба хотири қурбониёни COVID-19 мотами миллӣ эълон шуд
Sputnik Қазоқистон хабар медиҳад, ки соати 12: 00 дақиқа, назди майдони Акорд, раисҷумҳур, мансабдорон ва аъзоёни сенат ҷамъ омада, барои поси хотири қурбониён чанд лаҳза сукутро ихтиёр карданд.
Гузашта аз ин, пизишкон низ барои поси хотири ҳампешагони худ ба кӯчаҳо баромаданд. Таъкид мешавад, ки дар дасти аксар пизишкон расми нафароне буд, ки қурбони ин маризӣ гардидаанд.
Аз оғози пандемия дар Қазоқистон қариб 60 ҳазор ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд. Беш аз 34 ҳазор нафар шифо ёфтанд, аммо 375 нафар қурбон шуданд.