ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ба иттилои котиботи ҳукумати Суғд, собиқадорони меҳнат аснои мулоқот аз лаҳзаҳои ҷолиби кору фаъолияти хеш ёдовар шуда, барои дастгириҳои доимӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
Котибот тавзеҳ дод, ки Абдусамад Шомирсаидов 14 январи соли 1944 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ соли 1975 Институти хоҷагии қишлоқ, ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси муҳандис - технолог хатм намудааст.
“Аз соли 1960 то соли 2013 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоарзӣ фаъолият бурдааст ва хизматҳояш бо ордени “Дӯстии халқҳо”, медалҳо, унвони “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва даҳҳо ифтихорнома қадр шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Дар мавриди Холисҷон Темурҷонов зикр гардид, ки ӯ 23 ноябри соли 1942 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ соли 1965 институти химиявию технологии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандис - технолог ва соли пасон Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис -иқтисодчӣ хатм намудааст. Мавсуф барандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника (1987) буда, то соли 2004 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи саноат ва хизмати далатӣ фаъолият бурдааст ва хизматҳояш бо орденҳои “Нишони Фахрӣ” (1971), Байрақи Сурхи Меҳнат (1981) ва медали “Барои меҳнати шоён” қадрдонӣ шудааст, таъкид кард котиботи ҳукумати Суғд.