ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, Меҳроҷиддини Саидҷаъфар, шоми 6 майи соли равон дар ҳолати мастӣ дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе бо Муродов Дӯстмурод, сокини 39-cолаи Ҳисор ҷанҷол кардааст.
Муттаҳам изҳор доштааст, ки ҳангоми муноқиша аз ғояти хашм ду бор Муродовро корд задааст. Ин ҳолат дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст.
Ҷабрдида аз ҷароҳатҳои бардошта ва дар натиҷаи хунравии зиёд дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Додгоҳи Душанбе ҳафтаи гузашта Меҳроҷиддин Саидҷаъфарро барои содир кардани ҷинояти куштор ба 20 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.