Сахт андӯҳгин шудем: ҳамдардии Ёдгор Файзов бо хонаводаи Назарбегим Муборакшоева

© акс аз саҳифаи рӯзномаи "Оинаи зиндагӣ"Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо аҳли хонавода ва ёру дӯстони Назарбегим Муборакшоева изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 июл – Sputnik. Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар робита бо даргузашти ходими сиёсӣ ва чамъияти Назарбегим Муборакшоева бо аҳли хонаводааш изҳори таслият кардааст.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ аз марги нобаҳангоми ходими сиёсӣ ва чамъияти, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ Назарбегим Муборакшоева сахт андўҳгин буда, ба пайвандон, хешу ақрабо ва наздикони марҳум изҳори тассалият ва ҳамдардии самимӣ баён намуда, аз даргоҳи Яздони пок барои онҳо сабри ҷамилро хоҳон аст", - омадааст дар таъзияномае, ки мақомоти ВМКБ нашр кардааст.

Назарбегим Муборакшоева ходими сиёсӣ ва чамъияти, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ, дар синни 68 - солагӣ аз олам даргузашт.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Назарбегим Муборакшоева, собиқ раиси шаҳри Хоруғ

Назарбегим Муборакшоева 7 марти соли 1952 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.

Соли 1974 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси ограном хатм кардааст.

Соли 1991 Мактаби олии партиявии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. 

Фаъолияти кориашро аз соли 1974 оғоз кардааст. Пас аз хатми донишкада Муборакшоева чун сарагрономи колхози Шотемурови ноҳияи Шуғнон кор карда пасон дар бахшҳои гуногуни партиявӣ ва раҳбари шӯъбаи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Рӯшон фаъолият кардааст.

Аз соли 1997 раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд. Пасон ба ҳайси муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кард.

Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм буд. Ӯ аз ҳавзаи 1-уми ВМКБ ба ҳайси вакил интихоб шуда буд. Муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.

Узви Шӯрои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии ҶТ. 

Аз моҳи марти соли 2007 то 15 апрели соли 2008 раиси шаҳри Хоруғ буд.

Лентаи хабарҳо
0