ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Сухангӯи Вазорати дармон, омӯзиш ва пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 2000 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус ва беҳбудии ҳудуди 220 000 нафар дар кишвар хабар дод.
Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар эълом кард.
Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 186 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 499 маврид бистарӣ в шуданд ва ба бақия низ ба сурати сарпоӣ хадамоте ироа шуд.
Рӯҳонӣ: Эрон ба ғайр аз ду кишвар бо ҳамсоягони худ равобити хуб дорад
Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 257 303 нафар расидаст, афзуд: Дар тӯли 24 соати гузашта, 194 нафар аз беморони коронавирус ҷони худро аз даст додаанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 12 829 нафар расидааст.