Норак дар рӯди Вахш, дар 70 километрии ҷанубу шарқии Душанбе ҷойгир аст. Ин мавзеъ соли 1960 баробари сохтани нерӯгоҳи Норак ба минтақаи аҳолинишини зебое табдил гашт.
Сайёҳон мегӯянд, вақте вориди шаҳри Норак мешаванд, гӯё ба Иттиҳоди Шӯравӣ бармегарданд. Яке аз маконҳои дидании Норак, обанбори Норак аст.
Обанбор бо роҳи сунъӣ дар рӯди Вахш дар ҳудуди минтақаи Норак ташкил шуда буд. Сатҳи обанбор наздики 53 метр буда, он маҷрои рӯди Вахшро танзим мекунад.
Масоҳати кӯл 98 километри квадратиро ташкил медиҳад. Он бо оби ошомиданӣ пур аст, ки манбааш тоҷи яхини ҷовидони Помир аст.
Зебогии бештари кӯл ҳангоми заврақронӣ дар он ошкор мешавад. Ҳавои он хело тоза ва роҳатбахш аст.
Обанбори Норак пеш аз сарбанди нерӯгоҳ ҷойгир аст. Баландии сарбанди он 304 метр буда, ҳамчун баландтарин сарбанд ба китоби рекорҳои Гиннес ворид шудааст.