Рӯзи 11 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Германия таъсис дода шуд.
Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардид.
Ссоли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шуд.
Соли 1950 дар Англия аввалин барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шуд.
Соли 1982 Италия маротибаи сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Он дар даври финалӣ дастаи Германияро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.
Соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расиданд.
Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Соли 2003 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, ҷиҳати ҷудо намудани 20 миллион доллар барои дастгирӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Соли 2007 дар Душанбе мағозаи нахустини бренди “Адидас” кушода шуд.
Соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шуд.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Соли 2009 Президенти вақти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «Сеситорагии дараҷаи 1» бо занҷираи заррин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Валдис Затлерсро бо Ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1» сарфароз гардониданд.
Соли 2009 Мирзо Зиёев, собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, зимни як амалиёти махсус оид ба безараргардонии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Тавилдара кушта шуд.
Соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2010-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Соли 2013 маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси тиббии судӣ ба фаъолият оғоз кард.
Ҷашнҳои рӯзи 11 июл
- Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ.
- Рӯзи байналмилалии шоколад.
Рӯзи 11 июл кӣ ба дунё омадааст
Соли 1920 — Юл Бриннер (соли даргузашт 1985), ҳунарманди амрикоӣ - зодаи Русия.
Соли 1934 - Джорджио Армани, мудели арманӣ, асосгузори ширкати Armani.
Соли 1976 — Эдгард Запашний, артист, ҳунарманди халқии Русия.
Рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Борис Баршаковский (1916- 1987)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Валентина Бикова (1936) – Журналисти шоистаи Тоҷикистон.
Александр Денисов (1938) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Павел Евтеев (1914-1989)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Сироҷиддин Комилов (1950) – доктори илми иқтисод, профессор.
Александр Осипов (1906- 1986)- журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Пир Садиров (1911 – 1993) – Ҳофизи халқи Тоҷикистон.
Мақсуд Умаров (1954) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.
Султон Усмонов (1958) – коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Шери Дўст (1958)- шоир.