ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-сола, сокини ноҳияи Шоҳмансур дастгир гардид, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷинояти Тоҷикистон барои қаллобӣ суд шудааст.
ВУД таъкид кард, ки феълан наврасро бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир кардаанд.
"Номбурда, санаи 20-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:00 дақиқа ҳангоми дар назди беморхонаи №4 қарор доштанаш, бо тариқи ошкоро ноболиғ, 13-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро лату кӯб намуда, аз дасташ 1 адад дучархаро тасарруф карда, аз ҷойи ходиса гайб задааст", - омадааст дар иттилоия.
Муин Ғафуров: ба ҷои UFC, размикор метавонад ба Ҷопон биравад
Манбаъ зарари расонидашударо 500 сомонӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки феълан тафтиши ҳодиса идома дорад.