ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар як нишасти хабарӣ созишномаи ҳамкории дарозмуддати дастаи футболи "Локомотив Помир" ва ширкати байналмилалии букмекерии "Parimatch" ба имзо расид.
Бо ин Созишнома "Parimatch" шарики асосии "Локомотив Помир" мегардад ва ҳамчунин шарики стратегӣ барои рушди минбаъдаи ин даста хоҳад шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар нишаст таъкид гардидааст, ки логотипи шарик дар қисми пеши либоси бозингарони "Локомотив Помир" ҷойгир карда мешавад ва бренди он дар тамоми фаъолияти маркетингии даста дарҷ хоҳад гашт.
"Мо хушнудем, ки чунин бренди қавӣ тасмим гирифтааст бо мо ҳамкориро ба роҳ монад ва шарики асосии мо бошад. Мо дар ин мавсим мақсадҳои ҷиддӣ дорем ва бо ҳамкории муштарак ҳамаи онҳоро амалӣ хоҳем кард", — зикр намуд Анвар Мирзоев, президенти дастаи футболи "Локомотив Помир".
Дар навбатии худ директори генералии Parimatch Тоҷикистон Абдусаттор Ҳасанов таъкид намуд, ки "Футбол дар Тоҷикистон бо суръати баланд рушд ёфта истодааст. Ширкати мо яке аз бузургтарин сарпарастони варзиш аст ва бо ин ҳамкорӣ мехоҳем бори дигар тадбиқи рушди варзишро нишон диҳем ва ба дастаҳои ҷавон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд кӯмак расонем".
Бояд гуфт, ки Parimatch яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди мунтазам, ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст.
Ширкати мазкур яке аз сармоягузорони фаъол дар бозори маркетинги варзишӣ ба ҳисоб меравад, ки бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафтаи аз ҳама машҳури MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад. Таблиғкунандагони ин ширкати бонуфуз, варзишгарони машҳур ба монанди, боксёр Майк Тайсон, варзишгари маъруфи UFC Конор Макгрегор, Петр Ян, Арман Тсарукян ва хоҳарон Шевченко мебошанд.