ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раҷабзода Насимҷон ба ин вазифа таъйин гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло Сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Мирзозода Бадриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.
Ҳамзамон, Нурализода Нуриддин Директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Мирзоён Нодир — муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайнуддинзода Авазхон Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Зимни суҳбат раисиҷумҳур, аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хизмат намояд.
Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзур намудани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёриву зиракии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.