Ояи Софияи Истамбулро дубора ба масҷид табдил доданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСобор Святой Софии в Стамбуле
Собор Святой Софии в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Калисои Софияи Стамбул акнун осорхона нест: дарҳои он ба наздикӣ дубора барои мусалмонон кушода мешавад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Калисои Софияи Стамбул дигар наметавонад ҳамчун осорхона фаъолият кунад, хабар медиҳанд расонаҳои туркӣ.

Путин ҳамроҳ бо Эрдуғон ва Аббос аз масҷиди Маскав дидан карданд
Шӯрои давлатии Туркия қарор дар бораи бинои торихӣ эълон шудани Ояи Софияро бекор кардааст. Қарори мазкур соли 1935 судур шуда буд. 

Акнун Ояи Софияро метавонанд ҳамчун масҷид истифода баранд. Ташаббускори дубора ба маҷид табдил додани ояи София раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аст.

Феълан наздики бинои София мардум ва намояндагони расонаҳо ҷамъ омадаанд. Гоҳ гоҳ шиорпартоии ҷамъомадагон шунида мешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъиятро контрол мекунанд.

 

Ёдрас мешавем, калисо 27 декабри соли 537 ифтитоҳ шудааст. Онро соли 1453 ба масҷид табдил дода буданд ва баъди 500 соли дигар Ояи София ба осорхона мубаддал гашт.

 

Лентаи хабарҳо
0