ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Кӯмакҳои пулии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 77 нафар кӯдакон ва донишҷӯёни шаҳри Хуҷанд бахшида ба “Рўзи маъюбон” пешниҳод шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Бино бар иттилои манбаъ, Асрор Шарифзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ба 72 нафар маъюбони навраси синну солашон гуногун ва 5 нафар донишҷўёни шаҳри Хуҷанд кӯмакпулии яквақта, ки тибқи қарори Раиси вилояти Суғд ҷудо шуда буд ва ҳамзамон тӯҳфаҳои хотиравӣ дастрас карда шуданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, худи ҳамон рӯз тибқи қарори дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд барои 62 нафар бошандагон низ кўмаки моддӣ ҷудо карда шуд.
Ҳамчунин, ба 2 нафар маъюбони шаҳри Хуҷанд аробачаи маъюбӣ дастрас гардид.
Тибқи дастури раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода 20 нафар шахсони маъюб аёдат карда шуда ба ҳамаи онҳо маводи ниёзи аввал пешниҳод кард.