Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.
Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.
Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.
Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс
Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.
Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.