Ҷаҳиши маргбор ба дарёи Варзоб: ҷавон ҳангоми оббозӣ ба санг заду фавтид

© SputnikРека Варзоб, архивное фото
Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Варзоб андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.

Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Ғарқи об шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия: ҳамагӣ 30 сол дошт

Ба иттилои манбаъ, бо расидани хабар ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дастаи ғаввосон ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.

“Ҷустуҷӯ то фаро расидани торикӣ идома дошт, баъди соати 20:00 дигар кофтуков имкон надошт ва субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони Раёсат корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид кардааст, ки ҳамеша мегуфтем ва имрӯз ҳам такрор мекунем, ки як сабаби фоҷеа ҷаҳиш аз баландиҳоест, ки он маконҳо барои оббозиву шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд.

Дарёфти ҷасади писари 15-сола ва духтари 17-сола аз об

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҷиддан қоидаҳои маъмулии оббозиву шиновариро донанд ва дар маҳалҳое, ки барои оббозӣ ҷудо нашудаанд, ҷони худро дар хатар наандозанд.

Лентаи хабарҳо
0