ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дар роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шаш моҳи охири соли ҷорӣ 13 садамаи нақлиётӣ рух додааст, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти БДА РВУД дар ин вилоят.
"Дар натиҷаи 13 садамаи нақлиётӣ дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд", - таъкид мешавад дар хабар.
Бар хабари БДА дар ВМКБ дар ин давра 37 ҳолати идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи ронанадагӣ, 10 далели истифодаи шишаҳои сиёҳу хира бе иҷозатномаи махсус ошкор гардидааст.
Ҳамчунин чанд соли охир дар вилоят бамаротиб коҳишёбии шумораи ронандагоне, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати сархушӣ идора мекунанд, мушоҳида мегардад.
Ҳаво дар Бадахшон то 30 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон
Аз моҳи январ то моҳи июни соли равон 12 нафар ронанда, ки мошинро дар ҳолати сархушӣ идора мекарданд, аз сӯи нозирони шуъбаи БДА РВКД-и вилоят боздошт шуданд. Ҳамаи ин ронандагон ҷарима ва ба муҳлати панҷ сол аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт маҳрум гардиданд.
Дар давоми шаш моҳи соли равон инчунин 39 ронанда, ки бе литсензияи давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул буданд, боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Манбаъ таъкид мекунад, ки риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва сари вақт мавриди муоинаи техникӣ қарор надодани воситаҳои нақлиёт оқибат ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.