Пас аз ду моҳи "танаффус", ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд барқарор шуд : қоидаҳои нав

Обуна шудан
Баъд аз ду моҳи “танафус” дар Хуҷанд ва шаҳрҳои атрофи он, ҳаракати автобусҳои мусофиркашонӣ дубора барқарор шудааст

ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, субҳи имрӯз ҳаракати автобусҳои мусофиркашонӣ дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии канори онро аз нав фаъол намудаанд.

"Имрӯз 34 автобус барои кашонидани мусофирон дар шаш хатсайри дохили Хуҷанд ва байни шаҳрҳои Хуҷанд – Гулистон, Хуҷанд – Бӯстон ва Хуҷанд – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳаракат дароварда шуданд", - гуфт Шарипов.

Директори Корхонаи давлатии комуналии “Нақлиёти шаҳри Хуҷанд” таъкид намуд, ки дар замони хуруҷи бемории ҳамагири коронавирус ё пандемияи COVID – 19 аз ҳамаи мусофирон тақозо карда мешавад, барои нишастан ба автобусҳо қоидаҳои беҳдоштӣ минҷумла бастани ниқобро риоя карда шавад, дар сурати надоштани ниқоби муҳофизатӣ ба дохили автобус иҷоза дода намешавад.

Автобусҳои нав аз Русия ба Хуҷанд ворид шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати автобусҳо дар Суғд қатъ шуд: сабаб вируси корона ё мушкили иқтисодӣ?

Ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд ва шаҳрҳои атрофи он дар аввалҳои моҳи май қатъ гардида буд.

Ба ин делел ба ҷои автобусҳо, масъулияти мусофиркашониро ширкатҳои хусусӣ тавассути микроавтобусҳои умдатан навъи Mersedes - Sprinter ба зимма гирифтанд.

Он замон масъулин, далели аз ҳаракат бозистодани автобусҳоро дақиқ шарҳ дода наметавонистанд. Баъзе манобеъ таъкид мекарданд, ки тарки кор намудани аксар ронандаҳои идораи “Нақлиёти шаҳри Хуҷанд” сабаби аз ҳаракат мондани автобусҳо шудааст. Ронандаҳо бо сабаби саривақт пардохт нашудани моҳонаи хидматиашон тарки кор кардаанд.

Масъулини ҳукумати Хуҷанд ва Суғд, соли 2018, барои рушди хизматрасонии мусофиркашонӣ, 100 автобуси 8 ва 12 метраи тамғаи “ЛИАЗ” ворид намуд.

Ин шумор нақлиёти мусофиркашонӣ аз ҳисоби ҳудуди 26 милион эвро, ки гуфта мешавад, 8 милион эвро аз ин ҳисоб гранти бебозгашт ва 18 милиони дигар қарзи Бонки ҷаҳонии таҷдид ва рушд, хариддорӣ шудааст, ки нархи як автобус ба беш аз 145 ҳазор эвро рақам зада мешавад.

Лентаи хабарҳо
0