Бунёди хонаи ятимон аз сӯи Ҳоҷӣ Ҷӯрабек дар шаҳри Турсунзода

Обуна шудан
Соҳибкор Ҷӯрабек Муҳибов барои ятимони Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ месозад. Хонаи мазкур дар соли нави таҳсил ба истифода дода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов бинои нави таълимии Хонаи кӯдакони ятим бунёд гардида истодааст, гузориш медиҳад "Ховар".

Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Бе коррупсия ва ситондани бизнес бо зӯрӣ: Файзов 6 шарти рушди соҳибкориро гуфт

Гуфта мешавад, бинои мазкур  аз 16 синфхона ва 4 утоқи кории омӯзгорон иборат мебошад, ки айни замон  дар иншооти мазкур корҳои рангу бор идома дорад.

Тибқи иттилои соҳибкор, Ҷӯрабек Муҳибов бинои муасссиса дар соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода аз шароити таълиму тарбияи бошандагони Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакон ва рафти сохтмони бинои нави муассиса шинос шудааст.

"Дастгирии ятимону бепарасторон аз самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, пайваста зери ғамхорӣ ва парастории роҳбари кишвар қарор доранд", - изҳор доштааст ӯ.

Ёдовар мешавем Ҳоҷӣ Ҷӯрабек Муҳибов дар шаҳри Турсунзода ҳамчун соҳибкори ободгари шинохта шуда, бо кумаки ӯ ҳамчунин дар шаҳр якчанд муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бунёду таъмир гардида, мавриди баҳрабардории сокинони маҳал қарор дода шудааст.

Номбурда роҳбарии ташкилоти хайрияи байналмилалии "Эҳёи Сомониён"-ро ба зима дошта, дар корҳои ободсозӣ дар Рашту Ваҳдат низ саҳм гузоштааст. 

 

Лентаи хабарҳо
0