Коронавирус дар сар то сари ҷаҳон: наздики 12 миллион нафар гирифтори COVID-19

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в Казахстане
Медицинский работник в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар тамоми ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта 208 087 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 515 нафар сироятшудагон фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ба ҳолати соати 10:00-и 8 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар ҷаҳон ба 12 миллион нафар наздик шуда, зиёда аз 546 ҳазор гирифторони он вафот кардаанд ва беш аз 6,9 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад "Ховар" бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Жители Узбекистана в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуввум: коронавирус тамоми минтақаҳои Ӯзбекистонро фаро гирифт

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 208 087 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 515 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 954 944 нафар ва теъдоди фавтидагон 546 720 кас мебошад.

Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 902 360 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 097 084 нафар), Бразилия (1 674 655), Ҳиндустон (743 481), Россия (694 230), Перу (309 278), Чили (301 019), Испания (299 210), Британияи Кабир (286 349), Мексика (268 008) ва Эрон (245 688) дохил мешаванд.

Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0