ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.
Аз ҷумла, дар маркази вилоят бинои театри вилоятӣ, як қисмати бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев, коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», иншооти варзишӣ дар маҳаллаи Тирчид ва ғайраҳо мавриди истифода қарор мегиранд.
Тавре АМИТ "Ховар" бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад, дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ босуръат идома дошта, дар баробари ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта, санги асоси пули мошингард дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, гузошта мешавад.
Гуфта мешавад, ки дарозии пул бо эстакада 200 метрро ташкил медиҳад.
Ин сеюмин пули мошингузар аст, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад ва интизор меравад, ки мушкилоти тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳри Хоруғ аз миён мебардорад.