ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ дар 6 моҳ ба иқтисодиёти вилоят 42 миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд, хабар медиҳад КФҲ бо такя ба полковник Додиён Баҳром Одина – Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2019 дар ҳудуди вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 82 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.
Полковник Додиён, дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Раёсат, гуфтааст, ки дар шашмоҳои аввали соли 2019 ҳодисаҳои фавқулода ба иқтисодиёти вилоят 12 миллиону 703 ҳазору 773 сомонӣ зарар оврада буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳудуди вилоят 4 (чор) ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4 (чор) ҳодиса кам мебошад.
Аз ҷумла, рӯзҳои 8-9 апрели соли 2020 дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва хунукии сахт ба соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Ашт ва Куҳистони Масчо ба маблағи умумии 32 миллиону 78 ҳазору 400 сомонӣ зарар расид. 343 гектар замини кишти картошка, 13,796 гектар боғу токзор, 0,0002 гектар майдони кишти сабзавот нобуд шуд.
29 апрел бошад борон ва сел дар ноҳияи Масчо як нафарро ба ҳалокат расонд ва ба хоҷагии халқ 8 миллиону 490 ҳазору 574 сомонӣ зарар овард.
Зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии зарар 38 миллиону 787 ҳазору 300 сомонӣ хисорате буд, ки ба соҳаи кишоварзии вилоят расид.