Дарёфти қабристони ғайрирасмии муҳоҷирон дар Якутия  

© Sputnik / Владимир АстапковичМогилы, выкопанные на кладбище, архивное фото
Могилы, выкопанные на кладбище, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурии Саха аз дарёфти як қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин дар наздикии шаҳри Якутия иттилоъ додаанд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии Саха қабристони ғайрирасмии муҳоҷирин рӯзи 5 июл дар ҳудуди маҳаллаи Птисефабрикаи шаҳри Якутск, пойтахти ҷумҳурии Сахаи Русия ёфт шудааст.

Гробы умерших от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?

Ба иттилои манбаъ,  ин қабристонро 300 метр дуртар аз қабристони расмӣ дар даруни ҷангал бо 5 қабр дарёфтанд.

"Ҳувияти ду нафари дафншуда муайян карда шуд ва барои муайян кардани се нафари дигар чораҳо андешида мешаванд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти тафтишотӣ.

Қабрҳоро сокинони маҳаллӣ пайдо карданд, хабар медиҳад SakhaNews. Гуфта мешавад, ки ҳама қабрҳо наванд.

Парфирий Шестаков, директори корхонаи давлатии "Ритуал" гуфтааст, ду қабр ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон тааллуқ дорад ва барои муайян кардани боқимонда дафншудаҳо ҷамъиятҳои муҳоҷирони Якутск ҷалб хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0