Дар Чорбоғи Хуросон барои осебдидагон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд - акс

© котиботи ҳукумати ХатлонҚурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳангоми хонасозӣ барои зарардидагон дар ноҳияи Хуросон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон дар бораи ҷараёни сохтмони манзил барои осебдидагон аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросон гузориш дода, аксҳоро нашр намуданд

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Котиботи ҳукумати Хатлон зикр кард, ки дар натиҷаи селбориши рӯзҳои 14-16 майи соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон 67 манзили зист пурра ва қисман хароб шуда буд.

Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки соҳибкорони раштӣ ба зарардидагони Хуросон: 1000 сомонӣ ва орду шакару равған

Манбаъ зикр кард, ки барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8-садякӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ихтисос дода шуд. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд.

Котиботи ҳукумати Хатлон гузориш додааст, ки то имрӯз дар маҳаллаи Чорбоғ чӣ корҳо ба анҷом расиданд.

Таъкид шудааст, ки аз 67 хонаи бунёдшаванда дар 66 хона бардоштани девор ба охир расид. Дар 60 хона бардоштани бом ва болопӯш оғоз карда шуда, аз ин дар 18 хона бардоштани бом ва болопӯш ба ба итмом расид.

Дар 10 хона корҳои андовакунӣ оғоз шуда, аз ин дар 6 хона корҳои андовакунӣ ба охир расид. Дар 16 хона корҳои фаршу шифтсозӣ идома дошта, дар 2 хона ин корҳо ба анҷом расид.

Манбаъ афзуд, ки таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз 24 хона бо дару тиреза таъмин ва ҳамаи он насб карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0