Рӯзи 6 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1942 Аргентина дар бораи бетарафии худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хабар дод.
Соли 1992 Созишномаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Дар бораи воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ" ба имзо расид.
Соли 1863 дар Франсия калонтарин бонк бо номи "Credit Lyonnais" ба истифода дода шуд.
Рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2004 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гузошта шуд.
Соли 2004 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби вақти Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дар болои дарёи Панҷ дуюмин пул ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.
Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари вақти Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико, аз ҷумла, рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсияро, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.
Ҷашнҳои рӯзи 3 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2015 зимни гуфтугӯи телефонии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ибрози умед карда шуд, ки иртиботи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.
Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе роҳандозӣ кард.
6 июли соли 2018 масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Соли 2018 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар муаррифии "Маркази байналмилалии молиявии Остона" иштирок карданд.
Ҷашнҳои рӯзи 6 июл
- Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия.
- Дар Лесото – Рӯзи оила.
- Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.
Рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Солҳои (1905-1976) - ходими давлатӣ Муҳаммадалӣ Қурбонов.
Соли 1953 – рӯзноманигор Давлат Султонов.
Соли 1953 – олим, муҳандис Кудратулло Мираков.