ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Имрӯз, 6 июл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якумин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
"Дар ҷараёни суҳбат кишвардори Тоҷикистон якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо рӯйдоди муҳим – 80–солагии зодрӯзаш самимона табрик карда, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуд", - менависад котиботи раисҷумҳур.
Раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти самарабахши солҳои тулонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст бахусус зикр кардааст.
Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон унвонии якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.