ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи муроҷиати сокинон дар як ҳафтаи охир дар умум 58 мавриди табдорӣ ва 7 ҳолати монанд ба "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст.
"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 29 уми июн то 5 уми июл ба сататсияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд дар умум 58 даъват ё муроҷиати сокинон бо аломати баландшавии ҳарорат ба қайд гирифта шуд. Муайян гардид, ки сабаби баландшавии 7 нафар аз ин теъдод, хуруҷи ҳамшабеҳи "илтиҳоби шуш" аст ва ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бистарӣ карда шуданд", - гуфт сартабиб.
Бино ба оморе, ки ин Марказ дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми як ҳафтаи охир дар умум 613 сокини Хуҷанд аз ду тарафи соҳили руди Сир ба аломати бемориҳои мухталиф аз ҷумла фишорбаландӣ, дарунравӣ (диарея), баланшавии меъёри диабети қанд ва бемориҳои қалбӣ бо шумораи телефони 03, ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ ба табибон муроҷиат намудаанд.
Мирзонабӣ Мирзоҳошимов мегӯяд бино ба таҳлили муроҷиатӣ, ҳоло ҳодисаҳои сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба аваллҳои моҳи июн ба 7 ҳолат ва беш аз 65 % кам шудааст.
Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд, чанде пеш омори таб ва "илтиҳоби шуш" дар ҳафтаи аввали фасли тобистонро ба Sputnik Тоҷикистон ироа кард буд ва дар он аз 27 ҳолат сабти "илтиҳоби шуш" дар миёни сокинони Хуҷанд иттилоъ дода мешуд.
Бар пояи иттилоъи ироашуда, ҳоло гуфта мешавад, ки суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён рафтааст.
Аммо Мирзоҳошимов таъкид намуд, ки аз поёнравии рақамҳои оморӣ, сокинон набояд нисбати пешгирии бемориҳои сироятӣ камтаваҷҷӯҳу бепарвоӣ зоҳир карда, аз баҳри бастани ниқобу риояи дигар қоидаҳои беҳдоштӣ даст кашанд.
Ӯ афзуд, эҳтимол хави гирифторӣ ба чунин бемориҳо ҳар лаҳза вуҷуд дошта метавонад.
Бино ба иттилои сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.