Наҷоти се ҷавон аз ғарқшавӣ дар обанбори “Барқи тоҷик”

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкУчения спасательного отряда в водоеме, архивное фото
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти се ҷавон дар обанбори “Барқи тоҷик” ”-и шаҳри Гулистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон,  рӯзи 5 – уми июли соли равон кормандони бахши наҷоти Раёсат, ки дар обанбори “Баҳри Тоҷик”-и шаҳри Гулистон қисми навбатдорӣ ташкил намудаанд, 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ду нафари онҳо ноболиғи 13-сола буда, яке 21 сол доштааст.

Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Бино ба гузориши Раёсат ноболиғон сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҷавони 21-сола зода ва сокини деҳаи Роғи, ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ будаанд. 

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз ғарқ шудан ва ба ҳалокат расидани як сокини 22-сола дар дарёи Кофарниҳон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи якшанбе, 5-уми июл як зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳоло муваққатан дар хобгоҳи маҳалли Гипроземи шаҳри Душанбе истиқомат дошт, ҳангоми оббозӣ дар қаламрави деҳаи Қарияи Камари ноҳияи Рӯдакӣ дар Кофарниҳон ғарқ шудааст. 

Амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале ҷасад пайдо нашуд. Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар минтақа идома дорад.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки танҳо зарфи ду рӯзи охир хабари марги 4 нафар дар обҳои кишвар расид, ки ин наметавонад нигаронкунанда набошад.

КҲФ қайд кардааст, ки сабаби аслии ин ҳодисаҳои нохӯш надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони ноболиғи худро тани танҳо ба оббозиву шиноварӣ иҷозат медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0