Марги як табиби ҳозиқ фоҷиаи бузург аст: андӯҳи ҳамкорон аз даргузашти Шоира Бузурукова

© FacebookСартабиби таваллудхонаи Суғд Шоира Бузурукова
Сартабиби таваллудхонаи Суғд Шоира Бузурукова  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Табибони таваллудхонаи Суғд, даргузашти сартабиб Шоира Бузуруковаро як фоҷиаи бузург ва ҷуброннопазир барои худ медонанд

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Дилором Дадобоева, муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавӣ дар зоишгоҳи Суғд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт марги Шоира Бузурукова, барои ҷамъи онҳо дар таваллудхонаи вилоят, талафоти бузург аст.

Врач в клинике - Sputnik Тоҷикистон
Омори ноҳияи Ашт: 74 шифоёфтаву 4 фавт аз 82 гирифтори “илтиҳоби шуш”

“Шоира Калоновна сартабиби ҳозиқ ва роҳбари мушфиқ буданд. Занҳое, ки бо зиёд мушкили саломатӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таваллудхона меомаданд, ҳамеша талош мекарданд, ки мутахассисонро сари вақт барои гузаронидани ташхис ва табобати онҳо ҷалб менамуданд. Барои ободии фаъолияти таваллудхона низ саҳми назаррас гузоштанд. Саҳни таваллудхона солҳо боз гузаргоҳ надошт ба маҳзи кӯшишҳои худи он кас бунёд карда шуд. Давоми ду соле, ки роҳбар буданд, ҳама ҷои таваллудхонаро обод карданд. Мо ҳама аз марги нобаҳангоми сартабиб хеле андуҳгин ҳастем”, - гуфт Дадобоева.

 Масъулини Раёсати тандурустии Суғд низ аз Шоира Бузурукова ба унвони табиби ҳалиму фазилаткор ва роҳбари кордону ташаббускор ёд карда, аз даргузашти ӯ дар ҳайрат мондаанд.

Шоира Бузурукова, сартабиби таваллудхонаи Суғд, чанд рӯзи охир барои муолиҷаи беморӣ, дар беморхонаи сироятии Суғд табобат мегирифт, вале субҳи рӯзи 4-уми июл дар сини 49 солагӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Табибон дар фурудгоҳи душанбе бо ниқобҳои ҳимоятӣ - Sputnik Тоҷикистон
Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Бузурукова Шоира Калоновна, 1-уми январи соли 1971 дар шаҳри Хуҷнд дар оилаи ходими ҷамъиятӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 Донишгоҳи тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ро бо ихтисоси духтури амрози кӯдакона хатм кардааст.

Солҳои 1994-1996 дар Беморхонаи клиникавии Суғд курси Интернатуриро гузашта, аз ин замон фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун духтури амрози кӯдакона дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд шурӯъ шудааст.

Соли 2000-ум, ӯ сарпедиатри Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъин шуда, тӯли 8 сол дар ин мақом кор кардааст. Солҳои 2009-2013 ибтидо мудир ва баъдан сардори шӯъбаи хизматрасонӣ ба модару кӯдак дар Раёсати тандурустӣ фаъолият бурдааст.

Бо дарназардошти қобият ва малакаи касбӣ аз июни соли 2013 то соли 2018 сартабиби таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ва аз моҳи ноябри соли 2018 сартабиби таваллудхонаи вилояти Суғд таъин шудааст. Ӯ вакили маҷлиси вакилони шаҳрӣ ва вилоятиро низ ба зимма дошт.

Лентаи хабарҳо
0