Маст буд: боздошти Ҷононаи 24 - сола барои латукӯб ва таҳқири ду хоҳар дар Душанбе - навор

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушка в наручниках, архивное фото
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавондухтари 24 - сола дар ҳолати сархушӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ ду хоҳарон - дугоникҳоро латукӯб намуд ва бо суханони дағал таҳқир кард

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Чанд рӯз қабл навори муноқишаи як духтар дар ҳолати мастӣ бо ду хоҳар - дугоникҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад ва корбарон аз рафтори норавои ҷавондухтар шадидан изҳори нигаронӣ мекарданд.

Бо дастрас шудани ин навор ба идораи пулиси Душанбе, кормандони ин ниҳод ҷавондухтари авбошро дастгир намуданд.

Боздошти духтари 22 - сола, ки шиносашро нахуст кӯфт ва сипас мӯяшро қайчӣ зад - навор

Бар хабари котиботи Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе, авбошдухтар Сайфидинова Ҷононаи 24 - сола, зодаи ноҳияи Нуробод, деҳаи Оби Гарм, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

Кордзанӣ дар маҳалаи Зарнисор: милитсия ҷавони 21-соларо дастгир кард

Номбурда рӯзи 2 - юми июл дар ҳолати сархушӣ ҳангоми дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ рӯ ба рӯи "Корхонаи нассоҷӣ" қарор доштанаш бо хоҳарон-дугоникҳо шаҳрвандон Балосова Фотима ва Зуҳро муноқиша намуда, онҳоро мавриди лату куб қарор додааст.

"Ҳамзамон нисбати номбурдагон суханони қабеҳ зада, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар шаҳрвандон паст задаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, нисбати Сайфиддинова Ҷонона барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0