ДУШАНЕБ, 4 июл – Sputnik. Рухдоди заминҷунбӣ дар Тоҷикистонро сокинон тасдиқ мекунанд. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон ин ҳодисаи табиӣ дар соатҳои 14: 53 бо вақти Тоҷикистон рух додааст.
Шуҳрат як сокини шаҳри Душанбе гуфт, баъд зуҳр дар манзилаш қарор дошт ва даврхурии заминро баръало ҳамроҳи аъзои хонаводааш эҳсос кардааст.
“Имрӯз рӯзи истироҳат буд ва ҳамроҳ ба аъзои оила дар хона қарор доштем. Ҷунбидани замин моро ҳайрон гузошт. Мо то ду се дақиқа даврхурии заминро эҳсос кардем”, - гуфт Шуҳрат.
Мирзо Комилов, як сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, ҷунбидани замин дар ин маркази маъмурии вилояти Суғд ҳам эҳсос шудааст. Ин сокини шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки ӯ ва ҳамсояҳояш дар бинои истиқоматии ошёнадор аз рухдоди ин ҳодисаи табиӣ огоҳ шудаанд.
“Замин сахт ҷунбид, ҳатто баъзе аз ҳамсояҳо дар ин ҳангом кӯшиши ба поён фаромаданро карданд”, - гуфт Комилов.
Зимнан дараҷа ва маҳалли ҷунбиши замин дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти зилзилашиносии кишвар таҳқиқ карда мешавад.
Ба иттилои маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази заминларза 201 километр дуртар аз самти ҷанубу шарқии Душанбе ва 50 километр дуртар аз водии Рашт ҷойгир мебошад.
Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза аз рӯи ҷадвали Рихтер дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 балро ташкил дод.
Дар натиҷаи заминҷунбӣ дар ҳудуди Тоҷикистон хисорот ба қайд гирифта нашудааст.