Сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара дар моҳи сентябр ба анҷом мерасад

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСотрудники птицефабрики, архивное фото
Сотрудники птицефабрики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз соли 2019 дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ оғоз гардида, ҳоло бунёди он аз тарафи ширкати “Мармарӣ” идома дорад

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” мувофиқи лоиҳа, дар ин фабрика 24 бинои мурғхона - ҳар кадом бо дарозии 96 метр бунёд мегардад. Ҳоло сохтмони 12 мурғхона ҷараён дорад.

Тибқи нақша, самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли гӯшти парандаи зотӣ (Бройлер) мебошад.

Птицеводческое предприятие. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Ҳисор фабрикаи мурғпарварӣ фаъол мешавад

Манбаъ таъкид доштааст, ки агар комплекси муҳташами парандапарварӣ дар мавзеи Себистон, воридоти гӯшти паранда аз хориҷи кишвар якбора 40 фоиз коҳиш меёбад.

Тибқи иттилоъ, баъди ба истифода додани комплекси парандапарварӣ дар навбати аввал тухми инкубатсионӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Баъдан, тибқи нақша, корхона баҳри паст кардани арзиши аслии маҳсулот ва аз байн бурдани вобастагӣ аз воридоти он аз хориҷи кишвар истеҳсоли тухми инкубаториро дар дохили корхона ба роҳ мемонад.

Мутобиқи лоиҳа, обе, ки пас аз забҳи мурғ боқӣ мемонад, тавассути таҷҳизоти махсуси тозакунӣ коркард ва барои шустушӯи мурғхонаҳо, инчунин, обёрии заминҳои назди корхона истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин, дар ин корхона дар оянда коркарди пурраи гӯшти паранда ва истеҳсоли ҳасибҳои гуногун дар назар аст.

 Ҳамаи техникаҳо, хатҳои истеҳсолӣ ва технологияи корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешаванд.

Тибқи лоиҳа, дар дохили корхона 2 сардхонаи муосир барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр бо ғунҷоиши 1 ҳазору 200 тонна гӯшт сохта мешавад.

Гуфт шудааст, ки корхонаи мазкур то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон пурра ба истифода дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0